РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Чин ҳамкориҳои илмию эҷодӣ, омӯзишӣ ва фарҳангиро тақвият медиҳад

Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти намояндагони Донишгоҳи Шимолу Ғарбии сиёсат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Фан Чёли бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию эҷодӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ буд. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллӣ хабар доданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар оғоз меҳмононро ба вазъи имрӯзаи таҳқиқоти илмӣ, низоми таълим, равобити ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва неруи илмии донишгоҳ шинос намуд. Ҳамзамон, бо таваҷҷуҳи меҳмонон дар самти фаъолияти факултети ҳуқуқшиносӣ ва Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий маълумоти мухтасареро манзур намуд.

Ректори Донишгоҳи Шимолу Ғарбии сиёсат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Мардумии Чин Фан Чёли дар навбати худ ҳадафи ташрифро дар мустаҳкам намудани омӯзиши забонҳои хитоӣ ва тоҷикӣ, табодули устодону донишҷӯён, густариш бахшидани ҳамкориҳо дар самти ихтисосҳои ҳуқуқ арзёбӣ намуд. Зимнан таъкид дошт, ки дар пояи донишгоҳ Маркази ҳуқуқшиносии Чин ва Осиёи Миёна фаъолият мекунад ва дар доираи он ҳамкориҳои илмию эҷодиро бояд ба роҳ монда шавад.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати рушд бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ёддошти тафоҳум ба имзо расонида, ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram