Ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии Роҳҳои Абрешим ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
17 сентябр зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд, ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии Роҳҳои Абрешим: «Зарафшон-Қароқум» (ёдгориҳои Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро) ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.