Таҳти унвони «Таърихи навтарини мамлакатҳои Аврупо ва Амрико (1918-1945)» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров китоб ба нашр расид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Дар дастури таълимӣ-методии мазкур равандҳои асосии давраи якуми таърихи навтарини Амрико оварда шудаанд.
Дастур аз матни лексияҳо, саволҳо барои мустаҳкамкунӣ, мавзуъҳо барои иҷрои КМРО ва КМД иборат аст.
Дастури мазкур барои омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни ихтисоси таърих тавсия мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки муаллифи дастури мазкур Ҳусенов Фаррух буда, он зери назари ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода интишор ёфтааст.