РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе. Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Тоҷикистон доир гардид

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Шуро — Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода доир гардид. Дар ин бора аз Бонки миллӣ хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ворид намудани тағйирот дар ҳайати аъзои асосии Шурои ҳамоҳангсозӣ, ҳисобот оид ба иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва шашмоҳаи аввали соли 2023 баррасӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки дар доираи татбиқи самараноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022 Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ гардидааст. Дар робита ба ин пешбурди сиёсати оқилона дар ин самт метавонад ба таъмини суботи низомҳои молиявӣ мусоидат намояд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади гузаштан ба низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба тасвиб расид, ки васеъ гардидани фарогирии молиявиро дар ҷумҳурӣ тақвият бахшид. Ҳадафи дигари фарогирии молиявӣ- ин беҳтар намудани дастрасӣ ва таъмини хизматрасонии босифати молиявӣ мебошад, ки дар рушди устувори бахши молиявӣ, солимгардонии фазои соҳибкорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ нақши муҳим мебозад.

Таъкид шуд, ки яке аз сохторҳои идоракунии Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ Кумитаи иҷроияи он ба ҳисоб меравад ва вазифаи он амалӣ намудани идоракунии ҳамарӯзаи чорабиниҳои Стратегия, ташкил ва дастгирии чорабиниҳои Шурои ҳамоҳангсозӣ ва гурӯҳҳои корӣ мебошад.

Дар идомаи ҷаласа масъалаи ворид намудани тағйирот ба ҳайати аъзои асосии Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, аз ҷониби аъзои Шуро дастгирӣ ёфт.

Дар назди ҳозирин бо рӯнамои муфассал оид ба иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва шашмоҳаи аввали соли 2023 роҳбари Кумитаи иҷроияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ сухан гуфт.

Дар анҷоми ҷаласа  ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода аъзои Шуроро ба саҳм гузоштан дар таъмини иҷрои саривақтӣ ва самараноки нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 даъват намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram