Аз ҷониби нашриёти “Адиб” китоби рӯзноманигор – публитсист Сироншоҳи Диловар бо номи “Ёдгори умр” дар ҳаҷми 1000 нусха ба нашр расид.
Китоб аз 480 саҳифа иборат буда, дар он маҷмӯаи очерку лавҳа, хабару мақола ва суҳбату гузоришҳои муаллиф аз рӯзгори фарзонафарзандони кӯҳистони Дарвозу Ванҷ, аҳли хонадону хешовандон ва ҳамсабақону дӯстонаш хотираҳои ибратомӯз рӯйи тасвир омадаанд. Ёдовар мешавем, ки муаллифи китоби “Ёдгори умр”, Сироншоҳи Диловар 50 сол боз собиқаи кори рӯзноманигорӣ доранд. Номбурда аз соли 1991 то инҷониб дар шуъбаи мухбирони идораи барномаҳои иттилоотии Радиои Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ дорад.