РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Бохтари барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бинои баланди истиқоматӣ сохта мешавад

Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки Вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои сохтмони бинои баландошёна санги асос гузошта шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Хатлон хабар доданд.
Сохтмони бинои 7-ошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгир намудани маркази савдо ва хизматрасонӣ дар ошёнаҳои аввал ва дигар ошёнаҳо барои истиқомат намудани кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд меёбад. Фармоишгари сохтмони бино раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, лоиҳакаш ҶДММ “Созанда 2012” мебошад. Барои оғоз ва анҷоми сохтмони иншооти мазкур бо техникаҳо таъмин ва мутаххасиони соҳа ҷалб карда шудаанд. Зимни гузоштани санги асос ба сохтмончиён таъкит карда шуд, ки биноро бо сифати баланд ва бо тарзи меъмории нав ба анҷом расонанд. Ҳамзамон, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон аз рафти корҳои сохтмони бинои хобгоҳ дар қисми ҳарбии 3503 Вазорати корҳои дохили дар шаҳри Бохтар дидан намуданд. Ҳангоми шиносои аз рафти сохтмони бино ва ҷиҳати сифатнок анҷом додани корҳои сохтмони ба сохтмончиён дастуру супоришҳо доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram