Имрӯз қалби яке аз устоди варзидаи Донишгоҳи миллӣ, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи тоҷик ЗАЙНИДДИНЗОДА МУРТАЗО (Зайнидинов Муртазо (Мухтадо)) дар синни 65-солагӣ аз тапидан боз монд. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.
Зайнидинов Муртазо (Мухтадо) номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ӯ 3-юми декабри соли 1958 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд таваллуд шуда, соли 1976 мактаби миёна, соли 1981 факултети филологияи тоҷики ДМТ, соли 1987 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм карда, рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX» дифоъ намудааст. Соли 2009 барои хизматҳои бенуқсон дар соҳаи маориф бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон»; соли 1998 «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»; соли 2010 «Аълочии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; соли 2009 сазовори мукофоти давлатии «Ордени дӯстӣ» гардидааст. Муаллифи китобу дастурҳои «Машъалафрӯз» (1995), «Раҳнамои накӯиҳо» (1998), «Фонуси ёдҳо» (1998), «Қайюм Носирӣ. Абӯалӣ Сино» (2008), «Адабиёти ҷаҳон» (2001), «Тафсири Ҳусайнӣ. Сураи Юсуф» (2004), (бо ҳаммуалифӣ) «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (2005), «Ёде аз бузургон» (2010), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (2015), «Пайванди халқҳо ва тамаддунҳо» (2016). Барномаи таълимии адабиёти иттиҳод (2005), Барномаи таълимии адабиёти хориҷӣ (2005), китоби дарсии «Адабиёти ҷаҳон барои синфҳои 10-11» (2001). Муалифи зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, таълимӣ-методӣ ва китобу дастурҳо мебошад. Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 1993-1996 муовини декани факултети журналистика ва тарҷумонии ДМТ оид ба корҳои таълим ва тарбия; солҳои 1999 — 2001 Мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон; солҳои 2001 — 2002 муовини Сардори қисми таълими ДДМТ. Соли 2002 тариқи гузариш фаъолияти меҳнатиашро дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сармутахассис идома додааст. Соли 2005 тариқи гузариш ба ДДМТ баргашта то соли 2008 ба сифати сардори Идораи таълимию методӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2008 — 2011 декани факултети журналистикаи ДМТ; аз соли 2013 то 2022 мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ. Узви Иттиҳоди тарҷумонҳо ва ноширони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Балтия; аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2009), аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2015).