18 октябри соли ҷорӣ, бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер ва муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистрн Абдуҷаббор Азизӣ дар маркази ноҳияи Шуғнон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бино аз ду ошёна иборат буда, дар қабати якум утоқи кории кормандон, китобхона бо 1000 нусха адабиёти шоирони муосиру классик ва соҳавӣ, ҳамчунин утоқи бойгонӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасон ҷойгир мебошад.
Ошёнаи дуюм аз толори калони маҷлисӣ барои 70 ҷойи нишаст, утоқи роҳбарият ва дигар утоқҳои корӣ иборат аст.
Зимни шиносоӣ бо шароити кории бино, раиси вилоят ва муовини якуми раиси ҲХДТ ба корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, дар ваъияти тантанавӣ ба ҷавонони ноҳия, ки бори аввал ба аъзогии ҲХДТ қабул карда шуданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва муовини якуми КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни суханронӣ аз раванди созандагиву бунёдкорӣ дар қаламрави вилоят, ки дастури бевоситаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, зикр намуданд.
Қомат афрохтани бино ба ҳусни маркази ноҳия таровати тоза зам менамояд. Атрофи иншоот бо гулҳо оро дода шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш гардидааст.
Ҳамзамон барои роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон туҳфаи Пешвои муазами миллат аз ҷумла, нақлиёти нави хизматии тамғаи «Нива» дар вазияти тантанавӣ супорида шуд.