РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ аз Осорхонаи миллӣ дидан намуд

Дирӯз Президенти Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Ҷарван дар доираи сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳаш аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул дар саҳни Муассиса пешвоз гирифта, аз ҷониби роҳбалад бо забони арабӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ ба онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Ба ин восита, ба меҳмонон таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар мисоли бозёфтҳои марбут ба “Асри санг”, “Асри биринҷ”, “Ҳахоманишиҳо”, “Юнону Бохтар”, “Кушониён”, “Сосониён”, “Ҳайтолиён”, “Панҷакенти қадим”, “Мероси хаттӣ”, “Аҷинатеппа”, “Сомониён”, толорҳои “Кулолгарӣ”, “Мисгарӣ”, “Мардумшиносӣ”, “Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ” ва “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” муаррифӣ карда шуданд.

Президенти Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Ҷарван аз тамошои толорҳои намоишӣ ва шиносии бештар бо таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ дарҷ намуд.

Ҳамчун рамзи эҳтиром ва меҳмондорӣ ба меҳмон маводи илмии Осорхонаи миллӣ аз қабили китобу маҷаллаҳо тақдим карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram