РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳанатароши ноҳияи Муъминобод бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-ро ифтитоҳ намуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Муъминобод, дар деҳаи Ҳанатароши ноҳия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12- ро ба истифода доданд.

Бинои иловагии таълимӣ барои 1500 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз 2 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Иншоот дорои 24 синфхона аст, ки дар онҳо барои илмомӯзии хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар синфхонаҳо дар баробари дарсҳои амалӣ ҳамчунин бо истифода аз аёнияти таълимӣ ба хотири сайқал додани дониши хонандагон дарсҳои назариявӣ гузаронида мешавад. Хусусан ҷиҳати омӯзиши фанҳои дақиқ дар бинои нави таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, геометрия, физика ва ҷуғрофия ташкил гардидааст, ки дар амалия низ толибилмон таҷрибаву омӯзиш мегузаронанд.

Омӯзиши нозукиҳои кор бо компютер ва малакаи истифодаи таҷҳизоти муосир дар синфхонаи алоҳидаи таълимӣ, ки он бо хатти баландсуръати интернет пайваст мебошад, амалӣ гардидааст. Чунин имконот дар оянда ба сифати таълиму тарбия таъсири нек расонида, ба мустаҳкам гардонидани савияи дониши хонандагон мусоидат менамояд. Ҳамчунин азхудкунии забонҳои хориҷӣ, ки вориди барномаи таълимӣ мебошанд, дар синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳаз гузаронида мешавад. Дар ин баробар бинои мазкур дорои синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат барои духтарон ва писарон аст.

Роҳравҳои барҳаво ва саҳни дохили бинои иловагии таълимӣ мувофиқи талабот бо шиору навиштаҷот, аксу гуфтаҳои шоирону нависандагон ва қаҳрамонҳои миллӣ зебу оро дода шудааст. Барои таъмини ҳарорати муътадили дохили синфхонаҳо дар назди муассиса системаи алоҳидаи марказонидашудаи гармидиҳӣ бунёд ёфтааст.

Дар маҷмуъ, бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар масоҳати 1,8 гектар бунёд ёфта, намои берунаи он бо сабку услуби баланди меъморӣ зебу зинат дода шудааст. Саҳни таълимгоҳ пурра сафолакпӯш гардида, дар саҳни он гулҳои ороишии рангоранг шинонида шудаанд. Барои истироҳати омӯзгорону хонандагон дар саҳни бинои иловагии муассисаи таълимӣ нишасткадаҳои замонавӣ сохта шудаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram