23 октябри соли 2023 дар ҳошияи баргузории нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Ютта Урпилайнен баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳои маҷмӯи васеи ҳамкориҳои ҳар ду ҷонибро матраҳ намуда, роҷеъ ба сатҳи шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми бархӯрдӣ аз афзалиятҳои гумрукии Иттиҳоди Аврупо (GSP+) ва Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта мубодилаи назар карданд.
Зимни баррасии ҳамкориҳои минтақавӣ Сироҷиддин Муҳриддин ишора ба зарфиятҳои гидроэнергетикаи Тоҷикистон, ашёи хом ва захираҳои инсонӣ дархост намуд, ки омилҳои болозикр дар татбиқи ташаббуси “Дарвозаи глобалӣ”-и Иттиҳоди Аврупо ба инобат гирифта шаванд.