Журналист ва аввалин наттоқи телевизиони тоҷик Рафоат Абдусаломова дар синни 84 — соолагӣ аз олам даргузашт.
Бино ба иттилои наздикон, Рафоат Абдусаломова субҳи имрӯз, 24 –уми октябр, соати 4:30 дақиқа ин дунёро падруд гуфт.
Маросими видоъ имрӯз, соати 12:00 дар кӯчаи Мирзо Турсунзода 8, ҳуҷраи 44 баргузор мегардад.
Рафоат Абдусаломова 10 марти соли 1939 дар Ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. 3 октябри соли 1959 нахустин барномаи санҷишии Телевизиони Тоҷикистонро ба забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешкаш намуд. Аз соли 1959 (45 сол) дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шӯъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ кор карда, баҳри рушду камоли телевизиони тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.