Дирӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Син Хон Чхол мулоқот намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея манфиатбор шуморида шуд.