РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилиро дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдат ифтитоҳ намуданд

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдатро  мавриди истифода қарор доданд.

Бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдат дар масоҳати 2280 метри мураббаъ сохта шуда, масоҳати зери сохтмони бино1819 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бинои шуъба аз таҳхона ва 2 ошёна иборат буда, 25 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис бо 30 ҷойи нишаст, ошхона барои 30 нафар, бойгонӣ, қабулгоҳ, анбори маҳсулоти хӯрока ва нуқтаи гармидиҳӣ дорад, ки бо тарҳи зебо сохта шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои корӣ, китобхона бо адабиёти гуногун, аз ҷумла китобҳои фаъолияти соҳавӣ ҷойгир гардида, ҳуҷраи коргарону роҳбарият ва толори маҷлис бо 30 ҷой дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир шудааст.

Бо мақсади дастгирии кормандон ва таъмини афсарон бо ҷойи хоб дар ҳавлии иншоот ду хобгоҳ бо 40 ҷойи хоб муҷаҳҳаз бо тамоми шароити зисту зиндагонӣ сохта шудааст, ки ин амал боиси руҳбаландии кормандон мегардад.

Дар таҳхонаи иншоот толори машқу тамрин ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошад. Атрофи шуъба чароғон карда шуда, бо камераҳои назоратӣ таъмин мебошад. Роҳравҳо бо сангҳои гуногун оро ёфта, дар қисми пеши ҳавлӣ дарахтону гулҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдат бо талаботи замон бунёд шуда, ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсии нав ва технологияи компютерӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Бинои навсохт ҳамзамон дорои маркази гармидиҳии тариқи ангишт фаъолияткунанда мебошад.

Мувофиқи лоиҳа,  бинои нав барои пешбурди фаъолияти самараноки дастаи махсуси зудамали шуъба пешбинӣ гардидааст.

Барои ба варзиш машғул шудани кормандони шуъба, хусусан дастаи зудамал майдони варзишӣ сохта шудааст. Майдон бо тарҳи муосир бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурии машқу тамрин таъмин аст.

Мавриди тазаккур аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Президент ва Ҳукумати мамлакат  барои тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо таъмини техникаю дигар муҳимот, омӯзонидани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин бо бунёди иншооти замонавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ шароити муосири кор фароҳам оварда шудааст.

Бунёди шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар гурўҳи ноҳияҳои Ваҳдат низ идомаи мантиқии дастгириҳои давлату ҳукумат нисбат ба кормандони соҳа мебошад, ки барои таъмини амнияту субот дар  ҷумҳурӣ  равона гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав ба сифти корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандони милитсияро ба хизмати садоқатмандона ба Ватан, саҳм гузоштан дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии он, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram