25 октябри соли 2023 дар доираи баргузории Ҳафтумин ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҳайати намояндагон ва меҳмонони чорабинӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан карданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамалкат хабар доданд.
Меҳмононро Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода ва дигар шахсони масъул дар саҳни муассиса самимона истиқбол намуда, сипас аз ҷониби роҳбаладон ба меҳмонон сайрҳои осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Зимни боздид меҳмонон аз толорҳои намоишии шуъбаҳои таърихи бостон, асрҳои миёна, шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллӣ дидан намуда, бо таърихи куҳан, саҳми тоҷикон дар таъриху тамаддуни башарӣ ва дастовардҳои бузурги мардуми тоҷик аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳафтумин ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» дар пойтахти кишвар идома дошта, аз ҷараёни он баъдтар ба шумо маълумот хоҳем дод.