Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар панҷ соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёти мамлакат дар сатҳи 7,4 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ аз 71,1 миллиард сомонии соли 2018 то 115,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ва даромади буҷети давлатӣ аз 23,9 миллиард сомонӣ ба 36,1 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қариб 1,6 баробар ва буҷети давлатӣ 1,5 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Ҳамзамон дар ин давра сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 95,1 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне он 2,3 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 1,4 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дарозумрии эҳтимолии аҳолӣ дар мавриди таваллуд дар ин давра аз 74,9 сол то 76,3 сол баланд гардидааст, ки 1,4 сол зиёд мебошад.
Дар соҳаи маориф теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз 615 адади соли 2018 то 707 адад дар соли 2022 расонида шуда, шумораи кӯдакони муассисаҳои томактабӣ аз 93,1 ҳазор нафар ба 102,5 ҳазор нафар ё 10,1 фоиз зиёд гардидааст. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 3870 адади соли 2018 ба 3967 адад дар соли 2022 расида, шумораи хонандагон аз 1906,3 ҳазор нафар то 2232,1 ҳазор нафар ё 17,1 фоиз зиёд гардид.
Дар соҳаи тандурустӣ шумораи духтурони ҳамаи ихтисосҳо аз 18 716 нафар то 20 100 нафар, яъне 7,4 фоиз зиёд гардидааст. Шумораи кормандони миёнаи тиббӣ аз 51788 нафар то 58600 нафар зиёд гардидааст, ки 13,2 фоизро ташкил медиҳад.