РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл аз ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот намуданд

 26 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия бо зиёда аз 60 нафар ятимони кулл аз ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат нахуст аз ҳолу аҳволи ятимону ниёзмандон бохабар гардида, бо вазъи зиндагии онҳо аз наздик шинос мешаванд.

Дар мулоқоти имрӯза ба ятимони ноҳияи Рӯдакӣ, дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо нисбат ба ятимон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари оростани хони пурнозу неъмат ва зиёфат, ба наврасону ҷавонони ятим, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модари худ бенасиб мондаанд, китоб, сару либос, кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим гардид.

Ятимон ҳангоми суҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, ба Пешвои раъиятпарвари худ ҷиҳати ғамхориҳои пайваста ва падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.

Ҳангоми мулоқот ва тақдими туҳфаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои беҳтар намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва таҳсили онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ, саривақтӣ ва самарабахш андешида мешаванд.

Дар ин рӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили рассомӣ, пухтупаз, дӯзандагӣ, бофандагӣ, ки дастранҷи худи тарбиятдиҳандагону ятимон буданд, дар як гӯшаи боғ ба намоиш гузошта шуда буд.

Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятими ноҳияи Рӯдакӣ суҳбати самимӣ доир намуда, онҳоро ба омӯхтани касбу ҳунар, хониши хубу аъло, омӯзиши  илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, техника ва технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва дӯст доштани Ватан ҳидоят намуданд. Чунки ояндаи давлат ва миллат дар дасти ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва донишманду бозаковат мебошад.

Ятимон ҳангоми суҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, ба Пешвои раъиятпарвари худ ҷиҳати ғамхориҳои пайваста ва падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён доштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram