Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷамил Аҳмад ва устодону донишҷӯёни вохӯрӣ доир гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллӣ хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки яке аз масълаҳои умдаи байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба он ҷалб намудааст – коҳиши пиряхҳо дар кураи Замин мебошад. Пиряхҳо манбаи асосии обӣ дар тамоми давлатҳо ба шумор рафта, барои бо об таъмин намудани аҳолӣ хизмат менамоянд.
Дар шароити ҷаҳонишавиии муосир ва бархурди манфиатҳои миллӣ ҳифзи муҳити зист масъалаи муҳимми ин раванд дониста мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим, хусусан иқдоми ҳимояи пиряхҳо ташаббусҳои ҷаҳонӣ пешбарӣ намуданд, ки аз ҷониби СММ ва давлатҳои гуногун ҷонибдорӣ гардиданд. Вобаста ба ин барои ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳои созанда оид ба ҳифзи муҳити зист ва махсусан захираҳои пиряхҳо ҳар субъекти ин раванд бояд ташаббускорӣ нишон диҳад, то ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳадафҳои олии худ расад.
«Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ исбот намудаанд, ки дар ҷараёни ҳалли проблемаҳои мавҷудаи экологӣ бо мақсади устувории экологӣ танҳо як давлати алоҳида ба кори арзишманде ноил шуда наметавонад. Имрӯз барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти экологӣ зарурат ба миён омадааст, ки ташаббускорӣ якҷоя бо тамоми давлатҳои минтақа ва ҷаҳон анҷом дода шавад»,-гуфта шуд дар вохӯрӣ.