18 ноябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои сохтмони бинои нави иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 69, ки дар деҳаи Тағойободи Ҷамоати деҳоти Обшорон воқеъ аст, шинос шуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Бино бо тарҳи нави замонавӣ барои 640 хонанда дар ду баст аз ҳисоби буҷаи ноҳия ва саҳми маҳал, ҷамъ бо маблағи 3 миллион сомонӣ сохта шуда, он аз 16 синфхона, хонаи омӯзгорон, утоқи кории директор, майдончаи варзишии замонавӣ иборат мебошад. Дар айни замон дар ошёнаи якум корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар ошиёнаи дуюм корҳо бомаром идома доранд.
Таъкид гардид, ки корҳои ободонӣ дар иншооти ҷашнӣ тезонида шаванд ва дар амалӣ шудани ин иқдом, қабл аз ҳама, роҳбарон намунаи ибрат бошанд.
Раиси вилоят ҳамчунин дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни коркарди ҳосили пахтаи соли 2023 дар корхонаи ҶДММ «Ист Коттон НФР» шинос шуд.
Гуфта шуд, ки Корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Ист Коттон НФР» (собиқ ҶДММ «Эком») дар деҳаи Тағойободи Ҷамоати деҳоти Обшорон бо ҷалби сармояи хориҷӣ соли 2012 бунёд гардида, ба фаъолият шуруъ намудааст. Соли 2014 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Тоҷиддин Абдуллоев харидорӣ гардида, таҳти номи ҶДММ «Ист Коттон НФР» фаъолият дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона коркарди 30 ҳазор тонна пахта дар як сол мебошад. Дар баробари ба фаъолият шуруъ намудани корхона то 50 нафар бо кори мавсимӣ таъмин гардидаанд.
Корхона аз ҳосили пахтаи соли 2023 ба миқдори 1378 тонна пахта қабул намуда, ба миқдори 510 тонна нахи соф, 698,6 тонна пунбадона ва 26,8 тонна тибит истеҳсол намудааст. Аз ҳосили пахтаи соли равон то инҷониб ба миқдори 2878 тонна пахта қабул намуда, ба ҳолати 1 октябр 169,5 тонна нахи пахта, 238 тонна чигит ва 13,4 тонна тибит истеҳсол намудааст.