РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Нашриёти Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии китоб муаррифӣ гардид

Имрӯз дар Маркази намоишгоҳии «Атакент-Экспо»-и шаҳри Алматои Қазоқистон маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии китоб ва интишороти Қазоқистон  таҳти унвони «Бо роҳи бузурги абрешим-2023» баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар қатори ноширони давлатҳои  Федератсияи Русия, Туркия, Узбекистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Озарбойҷон Тоҷикистонро нашриёти «Адиб», «Ирфон» ва Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» намояндагӣ менамоянд.

Ноширони тоҷик қариб сад унвон китобҳои бадеӣ, таърихӣ, публисистӣ ва донишномаҳоро дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ ба маърази диди алоқамандони китоб гузоштаанд.

Кори Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии китоб ва интишороти Қазоқистон то 24 ноябр идома меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram