РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

“Анъанаи бофтани Атласу – адрас” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид

4 декабри 2023 дар Касане, Ҷумҳурии Ботсвана иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ шуруъ намуд. Чорабинии мазкур то 9 декабри соли 2023 идома ёфта, намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд.   Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Зимни иҷлос номинаи мустақими Тоҷикистон “Анъанаи бофтани Атласу – адрас” мавриди баррасӣ қарор гирифта ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram