12 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Санади дуҷонибаро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам ба имзо расониданд.
Санади мазкур уҳдадории мутақобилаи тарафҳоро роҷеъ ба татбиқи Нақшаи стратегии кишварии БОҶ барои солҳои 2023-2026 тасдиқ намуда, ҳамкории ҷонибҳои дахлдори манфиатдорро дар татбиқи Нақша танзим мекунад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳониро арзёбӣ карда, оид ба дурнамои он табодули афкор намуданд.