11 декабри соли 2023 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо ноиби ректори Донишгоҳи АДА-и Озарбойҷон Фариз Исмаилзаде баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ миёни ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории тарафайн дар бахши таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар Донишгоҳи АДА-и Озарбойҷон, ташкили курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат барои дипломатҳои ҷавони тоҷик ва танзими конфронсҳои муштараки илмию амалӣ табодули фаъоли афкор сурат гирифт.