РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ шинос шуданд

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаҳои бунёди филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шинос шуданд.

Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки бунёди филиали донишгоҳи мазкур дар ноҳияи Данғараро ба роҳ монад.

Зимни муаррифии лоиҳаи филиали донишгоҳи мазкур дар ноҳияи Данғара иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншоот талаботи замон буда, он аз рӯйи лоиҳа аз 5 бинои бо ҳам пайвасти 3, 5 ва 8-ошёна иборат мебошад. Бинои таълимии сохташавандаи филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара барои 5000 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, баробари ба истифода додани он дар марҳилаи аввал 400 нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад.

Намои берунаи иншоот бо тарҳи муосир оро дода мешавад. Дар баробари синфхонаҳои таълимӣ ва фаннӣ, ҳамчунин филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара аз хобгоҳ, маҷлисгоҳ, китобхонаи илмӣ — электронӣ, озмоишгоҳҳо, марказҳо, парки технологӣ, толори варзишӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.

Бунёди кӯдакистон дар ҳудуди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои 250 нафар фарзандони кормандону омӯзгорон пешбинӣ шуда, он аз 3 ошёна ва як бинои асосӣ иборат аст.

Мувофиқи лоиҳа муассисаи томактабӣ бо усулҳои хоси меъмории миллӣ бунёд шуда, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб хоҳанд шуд. Аз рӯи нақша кӯдакистон дар рӯзҳои таҷлил аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Бунёди иншооти зинаи аввали таҳсилот дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ амалӣ гардида, дастоварди хуб дар ин самт маҳсуб мешавад.

Лоиҳаи дигари муаррифигардида гармхонаи типи нав аст, ки барои парвариши гулҳои ороишӣ пешбинӣ шудааст.

Гармхона дар масоҳати 360 метри мураббаъ замин бунёд гардида, парвариш ва нигоҳубини гулҳо дар он бо усули обдиҳии қатрагӣ роҳандозӣ гардида, дар дигар фаслҳои сол низ имконияти парвариш ва нигоҳубини хуби растанӣ мавҷуд аст.

Гулҳое, ки дар ин ҷо парвариш меёбад, барои зебо ва хуррамгардонии атрофи муассиса, таъмини эҳтиёҷоти дигар ниҳодҳои ҳудуди шаҳри Левакант ва ноҳияҳои атроф истифода хоҳад шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, барои анҷоми босифати корҳои бунёдкорӣ дар ин раванд дастурҳои мушаххас доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram