14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз гармхонаи парвариши лимон дар Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар» дар ноҳияи Кӯшониён боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар» дар масоҳати 50 гектар таъсис ёфта, майдони 3 гектарро боғ, 30 гектар пахта, 8 гектар ғалладонагиҳо, 1,5 гектар картошка ва 3,9 гектарро замини кишти хўроки чорво ташкил медиҳад.
Дар хоҷагии мазкур, ки роҳбариашро Ҷобирзода Маҳмадтолиб ба уҳда дорад, 10 гармхона бунёд шудааст. Сохтмони гармхона аз соли 2012 оғоз гардида, соли 2016 аз тарафи Президенти мамлакат зимни як сафари корӣ ба истифода дода шудааст.
Баъди бунёди гармхона 6 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Истеҳсоли лиму дар хоҷагӣ дар соли 2022 — 40 тонна ва соли ҷорӣ бошад, ҷамъоварии он ба 50 тонна расонида мешавад. Маҳсулоти истеҳсолшуда дар дохили мамлакат ва ба Федератсияи Русия содирот мегардад.
Даромади хоҷагӣ аз ҳисоби гармхона аз 300 то 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Муассиси хоҷагӣ ба нақша гирифтааст, ки дар 3,0 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда бунёд намуда, аз ҷумла дар майдони 2,0 гектар лимон ва дар майдони 1,0 гектар кишти сабзавоти барвақтиро ба роҳ монад.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Кӯшониён дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 48 гектар гармхонаҳои лимупарварӣ мавҷуд аст, ки аз он 39,6 гектар ҳосилдиҳанда мебошад.
Дар соли 2022 — 263,6 тонна лимон истеҳсол карда шудааст, ки аз он дар бахши ҷамъиятӣ аз 9,0 гектар — 133 тонна ва аз 30,6 гектари аҳолӣ 130,6 тонна лиму истеҳсол гардидааст. Ҳосилнокии лимӯ аз 1 гектар 66,5 сентнериро ташкил медиҳад.
Баъди шиносоӣ аз фаъолияти хоҷагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори деҳқонон дар самти истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ баҳои баланд доданд.