РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён корхонаи коркарди пахтаро ифтитоҳ намуданд

15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ифтихори Ватан”-ро мавриди истифода қарор дода, бо раванди фаъолияти хати технологӣ дар он шинос шуданд.

Корхонаи коркарду истеҳсоли пахта дар ноҳияи Кӯшониён аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, он дар доираи ҳадафҳои муҳими стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар бо навтарин технологияи истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ бунёд шудааст. Корхона дар як мавсим иқтидор дорад, ки 5 ҳазор тонна ашёи хомро бо ҷалби 30 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ коркард намояд. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз раванди фаъолияти хати технологӣ, иқдоми соҳибкори ватанӣ Анвар Раҳмоновро ҷиҳати таъсиси чунин як иншооти калони саноатӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот муҳим арзёбӣ карда, масъулонро барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли ин намуди маҳсулот ва коркарди он то ҳадди ниҳоӣ вазифадор намуданд.  

Масоҳати умумии замини корхонаи “Ифтихори Ватан” дар ноҳияи Кӯшониён 1 гектарро ташкил дода, дар он мувофиқи лоиҳа бинои истеҳсолот бо муҷаҳҳазсозии дастгоҳу технологияи муосир, анбори нигоҳдорӣ бо ғунҷоиши 700 тонна пунбадонаи пахта, ҳуҷраҳои корию истироҳатӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ шудааст ва дар доираи он барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушд қадамҳои устувору самарабахш гузошта мешавад.

Корхона дар марҳилаи санҷишӣ 2153 тонна ашёи хомро коркард намуд ва дар натиҷа 816 тонна маҳсулоти тайёр, 1113 тонна пунбадона ва 29 тонна пати пахтаи ҷавобгӯи талаботи бозор истеҳсол гардид.

Дар ҳаминҷо ба Роҳбари давлат номгӯи гуногуни тухмиҳои аълосифати зироати ғалладонагӣ, картошка, пахта ва молу маҳсулоти кишоварзию саноатии ноҳияи Кӯшониён муаррифӣ гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram