Бо мақади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани арзишҳои миллию умумибашарӣ, густариши анвои ҳунарҳои бадеии халқӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, ифтихор аз фарҳанги миллӣ ва тарбияи ҳисси зебоипарастӣ 23 декабри соли 2023, соати 10:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Фестивали байналмилалии Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиёӣ дар фазои фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.
Дар фестивал ҳунармандон аз тамоми манотиқи кишвар ва намояндагони як қатор корпусҳои дипломатии муқими Душанбе намунаҳои беҳтарини намудҳои ҳунарҳои мардумии худро ба маърази тамошо мегузоранд