РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе масъалаи ҳифзи гуногунии агробиологӣ баррасӣ шуд

15 декабри соли 2023 дар меҳмонхонаи «Руми»-и шаҳри Душанбе аз тарафи Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) дар доираи лоиҳаи “Ҳифзи гуногунии агробиологӣ барои устувории амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар Тоҷикистон” ҷаласаи кории Гурӯҳи байниидоравии оид ба баррасии масъалаи таҳияи Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии агробиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 35 нафар намояндагон аз вазорату идораҳо ва коршиносон доир карда шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳитизисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо ифтитоҳ намуданд. Дар баромади худ Қиёмзода З. моҳият ва зарурияти ҳифзи гуногунии агробиологӣ ва захираҳои генетикии растанӣ барои озуқаворӣ ва ғизоро қайд карданд. Таъкид гардид, ки Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии агробиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ барои танзими ҳифзи захираҳои ирсӣ, генетикӣ ва гуногунии агробиологӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ хеле зарур аст.

Дар рафти ҷаласа маърӯзачиён оид ба гуногунии агробиологӣ ва захираҳои генетикии Тоҷикистон, таҳдиду монеаҳои мавҷуда ва чорабиниҳои ба нақша гирифташуда ҷиҳати таҳияи Стратегия маърӯзаю баромадҳо пешниҳод намуданд.

Зимнан зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳистонӣ аз гуногунии биологӣ ва захираҳои генетикӣ бой буда, 70%-и аҳолии кишвар аз захираҳои табиӣ ва захираҳои ирсӣ вобаста буда, маҳсулоти гуногунии агробиологӣ асоси амнияти озуқаворӣ ва таъмини устувори рӯзгори манотиқи кӯҳистонӣ мебошад.

Иштирокчиёни семинар аҳамияти таҳияи Стратегияи гуногунии агробиологиро барои таъмини ҳифзи гуногунии агробиологӣ муҳим ва саривақтӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим арзёбӣ намуданд ва як зумра пешниҳоду таклифҳо дар самти такмили қонунгузорӣ доир ба гуногунии агробиологӣ, омӯзишҳо барои хоҷагидорон дар самти ҳифзи захираҳои генетикӣ, ташкили бонкҳои тухмӣ, омӯзиши занҷираи нархҳо барои ҳифзи зироатҳои маҳаллӣ кишоварзӣ ва рушди бозор пешниҳодҳо намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram