4 декабри соли 2023 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба, баргузории Рӯзҳои фарҳангии ду кишвар ва самтҳои калидии ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз вазъи кунунии ҳамкориҳо иброз доштанд, ки бо истифода аз фарҳангу маънавиёти муштарак муносибатҳои судманд ва рушди равобити фарҳангиро боз ҳам тақвият хоҳанд дод.