Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот анҷом доданд, иттилоъ доданд аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ паёми гарму самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ расониданд.
Дар мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои муҳимму афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон, аз ҷумла дар самти робитаҳои байнипарламентӣ баррасӣ гардид.
Бо қаноатмандӣ изҳор шуд, ки имрӯзҳо робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бомаром рушд меёбанд, ки дар пешбурди самараноки ин раванд мулоқоту тамосҳои доимии сатҳи олӣ ва баланд нақши муассир доранд.
Ҷонибҳо муҳиммияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангиро дар тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ изҳор доштанд.
Бо назардошти мунтазам афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Эрон, инчунин ба ҳадди то 500 миллион доллар расонидани ин нишондиҳанда зимни гуфтушунид ба густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои ояндадори энергетика, нақлиёт, саноати мошинсозӣ, хӯрокворӣ, маъданҳои кӯҳӣ, дорусозӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти олӣ, пажуҳиш ва фанноварӣ, табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи тандурустӣ, равобити мустақими муассисаҳои тиббии илмии ду давлат ва идомаи анъанаҳои ташкили рӯзҳои фарҳангӣ муҳим дониста шуд.
Зимни суҳбат доир ба масоили ҳамкории ду давлат дар арсаи байналмилаливу байниминтақавӣ, аз ҷумла дар атрофи вазъи Афғонистон ва Фаластин мубодилаи афкор доир шуд.