РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Хонаи навовариҳои технологии Эрон боздид намуданд

Дар идомаи рӯз дар ҳошияи барномаи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Хонаи навовариҳои технологии Эрон дар шаҳри Теҳрон боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки Хонаи навовариҳои технологии Эрон марказест, ки дар он навтарин дастоварду маҳсулоти илмӣ ва нанотехнологии Эрон дар соҳаҳои гуногуни саноат, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ, таҷҳизоти тиббӣ, вояҳои чорво ва парранда, доруҳои растанӣ ва ғайраҳо ба намоиш гузошта шудааст.

Зикр гардид, ки ниҳоди мазкур таҳти сарпарастии бевоситаи ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба фанноварӣ ва иқтисоди донишбунён фаъолият менамояд.

Хонаи навовариҳои технологии Эрон бо мақсади васеъ кардани содироти маҳсулоти илмӣ ва рушди ҳамкориҳои муштараки илмию техникии байни Эрон ва кишварҳои хориҷӣ бо ниҳодҳои давлативу илмии хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд.

Дар ҳамин ҷо бо мақсади рушди ҳамкориҳои илмию техникии байни Тоҷикистону Эрон ва пешбурди муносибатҳо дар соҳаи технологияҳо ва иқтисодиёти ба дониш асосёфта маросими имзои Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Маркази инноватсионию технологии Тоҷикистону Эрон доир гардид.

Зери Ёддошти тафоҳум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба фанноварӣ ва иқтисоди донишбунён Руҳулло Деҳқонии Фирӯзободӣ имзо гузоштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram