Таҳти унвони “Оронимҳои забони адабии муосири тоҷик” китоби Шаҳло Шарипова, ки бар пояи маводи осори бадеӣ, ҷуғрофӣ ва таърихӣ” таҳия шудааст, чоп шуд. Дар ин бора аз Китобхонаи миллӣ хабар доданд.
Дар муқаддимаи китоб муаллиф ҳадафи худро аз таълифи ин китоб мухтасар баён дошта ва дар бораи оронимҳо низ як маълумоти кутоҳ ироа кардааст. Аз ҷумла гуфтааст, ки аввалин масъалае, ки дар монография мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, муайян намудани вижагиҳои луғавии оронимҳо мебошад. Оронимҳо бо дигар гурӯҳи махсуси воҳидҳои вожагониро ташкил намуда, дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ мавқеи махсус доранд. Онҳо бо дигар гурӯҳҳои маъноии калимаҳо умумият дошта бошанд ҳам, бо як қатор хусусиятҳои худ аз онҳо фарқ карда, гурӯҳи алоҳидаи воҳидҳои вожагониро ташкил менамоянд. Ин тафовути онҳо бо мисолҳои зиёд тасбит гардидаанд.
Оронимҳо, инчунин, бо идомаи маънои махсуси ишоратии худ аз дигар гурӯҳи калимаҳои таркиби луғавии забон, ки маънои мафҳумӣ дошта, ба предмет ва ашёву ҳодиса аз рӯйи аломату хусусият ва моҳияташон далолат менамоянд, фарқ мекунанд. Онҳо аз ҷиҳати маъно асосан ба маконҳои мушаххас далолат карда, аксаран дар забони зинда гуфтугӯйии халқ ба вуҷуд меоянд. Онҳо баръакси калимаҳои адабии китобӣ аз обуранг ва эҳсосоти бадеӣ маҳрум буда, маъноро ба таври хеле одӣ ифода менамоянд.
Оронимҳо унсури вожагонии таърихӣ буда, раванди номгузории мавзеъҳои оронимӣ хусусияти табиӣ дорад. Онҳо аз рӯйи аломату хусусият, тасаввурот ва ҷаҳонфаҳмии одамон ба маконҳои номгузоришуда ё ифодакардаи худ аксаран робитаи зич доранд. Бо назардошти хусусияташон маконҳои оронимӣ аз ҷониби соҳибзабонон ва сокинони ҳамон маҳал номгузорӣ мешаванд. Оронимҳо аз рӯйи хусусиятҳои худ ба шароити табиӣ номи парандагону ҳайвонот, одамон ва ғайра алоқаманд мебошанд. Ҳамин вижагии онҳо низ ба овардани мисолҳои мушаххас аз осори бадеии муосири тоҷик асоснок мегардад.
Дар монография муаллиф бо такя ба маводи фаровони осори бадеи ва фарҳангҳою донишномаҳо муҳимтарин хусусиятҳои вожагонию маъноӣ ва сохторию сарфии оронимҳоро дар забони тоҷикӣ таҳқиқ намудааст. Пажуҳиши номвожаҳо дар забони тоҷикӣ дар заминаи осори адибон имкон медиҳад, ки анъана, суннатҳо тарз, усул, сарчашма ва вижагиҳои номвожаҳо ошкор карда шаван. Бо таҳқиқи ҷанбаҳои луғавии оронимҳо, хосатан номи мавзеъҳои таърихӣ, баъзе вижагиҳои луғавӣ ва услубии забони адабии тоҷикӣ дақиқ карда мешаванд ва дар такмили харитаи миллии маъмурӣ, ки оронимҳо дар он нақши хос доранд,мусоидат мекунад.