Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Ахмет Гурбанов мулоқот кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамсуҳбатон ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.