РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳунармандони Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии “Фаҷр”-и Эрон қадрдонӣ гардиданд

Дар Ҷашнвораи байналмилалии 42-юми “Фаҷр”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон 20 нафар ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар соҳиби 20 сипоснома ва дипломи махсус ба коргардони намоишномаи “Зол ва Рудоба” барои асари барҷаста қадрдонӣ гардиданд. Дар ин бора аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоишномаи «Зол ва Рудоба» аз рӯи асари “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода, саҳнавигардонии Ҷумъа Қуддус бори аввал дар Фестивали байналмилалӣ “Фаҷр”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Дар нақшҳои Зол Фирдавси Турдлиалӣ, Рудоба — Дилафрӯз Саидова, шоҳ Манучеҳр — Саидзода Отахон, шоҳ Сом — Муҳаммад Шомуддинов, Синдухт — Меҳрӣ Ҳоҷибоева, Комрон — Азизҷон Сайфуллоев ва дигарон бозӣ кардаанд.

Қиссаи ишқи Рудоба ва Зол (Золи Зар) яке аз достонҳои муассири ишқии «Шоҳнома» аст, ки дар риштаи умумии тасвироти қаҳрамонӣ ва эпикии асар ҷойи муайяне дорад.

Қобили зикр аст, ки ҳайати эҷодии театр бо намоишномаи «Зол ва Рудоба» соли 2023 дар озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ – «Парасту» ширкат намуда, соҳиби ҷойи дувум гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram