РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

 Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев баргузор шуд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат бо таманниёти саломатӣ, некуаҳволӣ ва комёбиҳои нави бузург дар фаъолияти давлатӣ муҳтарам Илҳом Алиевро бо натиҷаҳои муваффақи интихоботи президентӣ ва аз нав интихоб шудан ба мақоми олии давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон самимона табрик намуданд.

Ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии Тоҷикистону Озарбойҷонро баррасӣ намуданд. Ҷараёни устувори рушду тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои байнидавлатӣ ва тамоми маҷмуи ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлат зикр карда шуд.

Дар ин замина президентҳо ба идома додани муколамаи фаъоли сиёсӣ ва кори муштарак дар самти таҳкими минбаъдаи ҳамкории судманди Тоҷикистону Озарбойҷон ва ғанӣ гардонидани он бо мазмуни нави амалӣ омодагии худро таъкид доштанд.

Доир ба барномаи тамосҳои ояндаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи тарафҳо табодули афкор анҷом дода шуд.

Дар анҷоми суҳбат Сарвари давлати мо ба мардуми бародари Озарбойҷон сулҳу субот ва шукуфоии пойдор орзу намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram