РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот кард

Дар доираи ҳамкориҳои тарафайн 7 феврали солӣ ҷорӣ мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзси Шумин доир гардид. Дар ин бора аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуд, ки натиҷаи ҳамкориҳои тарафҳо боварии моро ба ояндаи дурахшон боз ҳам устувортар мегардонад ва ин раванди муносибатҳои байни давлатҳо дар тамоми ҷабҳа вусъати бемислу монандро ба миён хоҳанд овард. Ҳамчунин иброз доштанд, ки дар ҷаҳони имрӯза нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар рушди муносибатҳо ҳамеша калидӣ буда, метавонад натиҷаҳои самарабахш ба бор оварад.

Дар суҳбат қайд гардид, ки муддати зиёда аз 30 сол муносибатҳо байни мамлакатҳои мо марҳила ба марҳила мустаҳкам гардида, ба зинаи нави ташаккул баромаданд. Мантиқист, ки имрӯз онҳо дар қолаби шарикии стратегӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва эҳтирому эътимод бомуваффақият инкишоф меёбанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо дастовардҳои назарраси ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф баланд арзёбӣ намуда, зикр доштанд, ки ин муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Хитой ба манфиатҳои дарозмуддати ду кишвар ва мардуми онҳо ҷавобгу буда, ба таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва дипломатӣ мусоидат менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram