9 феврал таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ Усмоналӣ Усмонзода ва иштироки аъзоёни Шӯро аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ доир гардид. Дар ин бора аз Агентии Точикстандарт хабар доданд.
Бо таваҷҷуҳ ба масъалаи масъалаи рӯзнома, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода аз фаъолияти мақомоти аъзои Шӯро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки тибқи таҳлилҳо дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоии ба саломатӣ хатарнок ва пешгирии истеҳсоли маҳсулоти пастсифат дар ҷумҳурӣ ҳоло ҳам фаъолияти мақомоти аъзои Шӯро беҳбудиро тақозо менамояд.
Таъкид гардид, ки тайи рӯзҳои охир тариқи воситаҳои ахбори омма ҳолати зиёди ошкоркунии маҳсулоти воридотӣ ва истеҳсоли дохилии пастсифат аз тарафи мақомоти ваколатдор ба намоиш гузошта шуда истодааст. Аз вазъияти ҷойдошта чунин натиҷагирӣ мешавад, ки ҳамоҳангии мақомоти назоратӣ коста шудааст. Бо дарназардошти вазъи ҷойдошта дар ҷаласаи навбатии Шӯро бояд роҳу усулҳои пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифати ғизоиро муайян намуда, барои ба роҳ мондани фаъолияти босамар қарор қабул намоем.
Инчунин, дар ин самт Раиси Шӯро аъзоёнро ба масъулиятнокӣ, мунтазам ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагон ва вусъат додани ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалию шарикони рушд ҷиҳати ҳар чи бештар ҷалб намудани сармоягузорӣ ва таъмин намудани мақомот бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ даъват намуд.
Сипас, масъулин оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти ғизоӣ ва дар ин замина пешгирии воридоти маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок, ҳолатҳои сироятёбии аҳолӣ аз истеъмоли маҳсулоти дар шароити хона тайёргардида ва дар ин робита тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ тариқи ВАО, боз ҳам тақвият додани назорати истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, таҳия ва таҷдиди санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, омӯзиш, таъмини корхонаҳо бо Регламентҳои техникӣ, мустаҳкам намудани ҳамкории мақомоти назоратӣ дар ин соҳа яке аз омилҳои асосии пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ба бозори истеъмолӣ такмил додани озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ибрози ақида намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки ҳоло ҳам ҳастанд соҳибкороне, ки аз коҳиш ёфтани санҷишҳо истифода бурда, ба сифати маҳсулоти хӯрокворӣ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Дар ин раванд зарур аст, ки ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма тақвият дода шуда, ҳамчунин, тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ (ҳам истеҳсолкунандагону воридкунандагон, ҳам истеъмолкунандагон) зиёд карда шавад.
Дар идомаи ҷаласа, ҳамзамон, вобаста ба масъалаи ҷорӣ намудани стандарти байналмилалии GLOBAL.G.A.P, ки самтҳои бехатарии соҳаи кишоварзиро ба танзим медарорад, инчунин, мушкилоти ҷойдошта дар самти савдо дар ҷойҳои муқаррарнашуда (савдои кӯчагӣ) гузориши масъулин шунида шуд.
Дар ҷаласа дар баробари баррасии масъалаҳои пешбинигардида, инчунин, Нақшаи кори Шўро оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ барои нимсолаи якуми соли 2024 мавриди муҳокимаи аъзоён қарор дода шуд.
Дар охир Раиси Шӯро таъкид дошт, ки солҳои охир дар байни аҳолӣ навъҳои гуногуни бемориҳо, ки бевосита ба истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ алоқамандӣ доранд, ба қайд гирифта шудаанд ва моро водор месозад, ки бо масъулияти ҷиддӣ фаъолият намуда корҳоро боз ҳам тақвият диҳем. Бо дарназардошти ин мо бояд роҳҳои ислоҳи камбудиҳову баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагонро дарёб намоем.