9 феврали соли ҷорӣ ҳайати кории Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ таҳти роҳбарии Фаррух Султонов бо раиси Раёсати Амонатбонк Салимзода Алиҷон Абдуҷалол мулоқот карданд. Дар ин бора аз Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” хабар доданд.
Қайд кардан ба марид аст, ки ҳадафи аслии ташрифи мазкур ин пеш аз ҳама, шиносоӣ бо роҳбарияти Бонк, баррасӣ намудани масъалаи гирифтани қарзҳои дарозмуҳлат аз Амонатбонк бо пули миллии сомонӣ, ҳамчунин муҳокимаи нақшаҳои кории дуҷониба барои 5 соли оянда, ба шумор мерафт.
Дар оғози мулоқот раиси Раёсати “Амонатбонк” Салимзода А.А. вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар соли 2023, маълумот манзур карда, ҳайати мазкурро бо дастовардҳои назарраси молиявии Бонк шинос намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна, Амонатбонк дар ҳолати устувори молиявӣ қарор дошта, рўз то рўз ҷойгоҳи худро дар низоми бонкии кишвар устувор намуда истодааст.
Роҳбари ҳайати кории Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Султонов низ қайд намуданд, ки дар ҳақиқатан имрўз Амонатбонк яке аз бонкҳои низомсози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, имкониятҳои молиявиаш имкон медиҳанд, ки дар рушди макроиқтисодии мамлакат саҳми назаррас дошта бошад.