РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Бохтар масъалаи одоби шаҳрнишинӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ баррасӣ шуд

Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии ҷинояткорӣ дар Хатлон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни ҷомеа, бартараф намудани падидаҳои халалдоркунандаи тартиботи оромӣ ва суботи комили сиёсӣ, ҳамзамон пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба равияҳои номатлуби террористиву экстремистӣ, бартарафнамоии омилҳои халалдоркунандаи симои шаҳр ва риоя намудани одоби шаҳрнишинӣ мулоқот ва вохӯрии озоди роҳбарияти милитсияи Хатлон бо фаъолону аҳли ҷамоатчигии шаҳри Бохтар баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҳамчунин намояндагони сохторҳои кор бо занон, ҷавонон, ходимони дин, раисони маҳаллаҳои шаҳри Бохтар, роҳбарони бозорҳо ва марказҳои хизматрасонии ҷамъиятӣ ва масъулини мақомоти дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иштирок намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баромад намуда, дар мавзӯи “Баррасии вазъи ҷинояткорӣ дар Бохтар ва дарёфти роҳҳои ҳалли падидаҳои халалдоркунандаи манфиатҳои давлату миллат, сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа” бо нишон додани факту далелҳои дақиқ аз ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ маърӯзаи пурмуҳтаво ва ҷолиби диққат ироа намуд.

Дар рафти мулоқот генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода оид ба ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар дар доираи эълон гардидани Соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки ин тадбир ба баланд бардоштани савияи ҳуқуқии сокинон ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа нигаронида шудааст, суханронӣ намуда, бо нишон додани слайд-тасвирҳо ва зикри факту рақамҳо ба баррасии масъалаҳои доғи ҷомеа пардохт.

Дар қисмати дигари мулоқот иштирокдорон низ баромад намуда, доир ба рафъи мушкилоту проблемаҳо ва омилҳои ба ҷинояткорӣ мусоидаткунанда як қатор пешниҳодҳо ироа намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram