РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ барои рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ доир мегардад

Ҷаласаи якуми Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат муҳтарам Дилрабо Мансурӣ барои рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили назорату корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо санаи 22 феврали соли 2024 соати 14:00 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони гурӯҳҳои кории доимамалкунанда дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳо баргузор мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа муҳокимаи масъалаҳо вобаста ба тақвият бахшидани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва назорати раванди амалишавии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзии шарҳвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат, истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби кумитаҳои рушди сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди маҳал, вазоратҳои меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва кишоварзӣ дар назар дошта шуда, аз натиҷаи он нақшаи амали Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ тасдиқ карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram