Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул ба мансабҳои озоди маъмурии хизмати давлатӣ ОЗМУН эълон менамояд.
Довталабон ба мансабҳои сардори раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ (1-ҷой), сармутахассис (1-ҷой) ва мутахассиси пешбари раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ (1-ҷой), муовини сардор (1-ҷой), сармутахассиси раёсати кадрҳо (1-ҷой), таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ (1-ҷой), сармутахассис (1-ҷой) ва мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ (1-ҷой), мутахассиси пешбари бахши умумии раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ(1-ҷой), сармутахассис (1-ҷой), мутахассиси пешбари раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ(2-ҷой), сармухассис (1-ҷой) ва мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалӣ (1-ҷой), сармутахассис (1-ҷой) ва мутахассиси пешбари Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ (1-ҷой) пазируфта мешаванд.
Талабот ба довталабон:
Таҳсилоти олӣ: рӯзноманигор, муҳосиб, техникӣ ва ҳуқуқшинос.
Собиқаи умумии меҳнатӣ на кам аз 1 то 7 сол ва хизмати давлатӣ на кам
аз 2 то 6 сол.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ѓайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);
- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458); - нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома (справка- объективка)
-маълумотномаи доѓи судӣ.
Музди миёнаи меҳнат аз 1228 (ҳазору дусаду бисту ҳашт,) сомонӣ то 3300 (се ҳазору сесад) сомонӣ.
Суроѓа: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шероз 31 (Хонаи Радио), телефон барои
маълумот 227-65-69, 227-59-79.
Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи www.ktr.tj дастрас намоед.
Қабули ҳуҷҷатҳо то 21 рӯз пас аз нашри эълон.
Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешаванд.