РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори навтаъйини кишварии Хазинаи нуфузи аҳолии СММ Нигина Аббосзода мулоқот намуд

20-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо хонум Нигина Аббосзода, директори навтаъйини кишварии Хазинаи нуфузи аҳолии СММ (ЮНФПА) бо қоргоҳ дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, хонум Нигина Аббосзодаро ба муносибати директори кишварии Хазинаи нуфузи аҳолии СММ (ЮНФПА) бо қоргоҳ дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъйин гардиданаш табрик намуда, ба фаъолияти минбаъдаи кории ӯ барору муваффақият таманно кард.

Зикр гардид, ки Намояндагии кишварии ЮНФПА дар Тоҷикистон бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самтҳои гуногун, аз қабили таҳия ва баррасии санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ, дастурҳо, стандартҳо ва маҷмуъи роҳнамоҳо марбут ба ҳуқуқҳои ҳамгирошудаи солимии репродуктивӣ, солимии модар, банақшагирии оила, пешгирии саратони гарданаки бачадон, пешгирии ВНМО ва дигар сироятҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, солимии репродуктивии наврасон ва ҷавонон ва дигар самтҳо ҳамкории хешро ба роҳ мондааст.

Ҳамзамон, намояндагии мазкур дар доираи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон” (маблағгузории Бонки Исломии Рушд) барои гузаронидани тафтишот оид ба фавти модар ва ҳолатҳои наздик ба он ва аудити клиникӣ барои кормандони таваллудхонаҳо дар ноҳияҳои пилотӣ як қатор омузиш гузаронид.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни соҳа мубодилаи афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram