РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар «Тоҷикфилм» бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ чорабинии идона баргузор гардид

21-уми феврали соли 2024 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикитсон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва намоягндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, доир ба таъсис ва таҳкими ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ибрози назар намуданд.

Хотирнишон карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассос таъсис ёфта, ҳоло ба як сохтори мукаммалу боэътимод ва муназзаму муосир мубаддал гаштааст.

Маҳз бо ибтикор ва кӯшишҳои хастанопазири Пешвои миллат, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони тозаистиқлол бидуни ягон мероси низомӣ бунёд шуда, Артиши воқеан миллӣ гардид ва имрӯз дар фазои сулҳу амният сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати амалисозии сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаву дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқонаву софдилона меҳнат карда истодаанд.

Таъкид гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар фарди соҳибватан мояи ифтихор буда, қарзи шаҳрвандию инсонии ҷавонону бонангу номуси тоҷик ба шумор меравад.

Дар идома кормандони фаъоли Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шоҳмансур ва роҳбарияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram