РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон бо вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон мулоқот кард

24 феврали соли 2024 вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Л. Қудратов доир гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар доданд.

Ҷонибҳо аҳаммияти иҷрои саривақтӣ ва рафти татбиқи ҳуҷҷатҳои имзошударо қайд намуданд.

Дар хотима ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноатии ду кишвар фаъол сохта, нақшаҳои тарафайнро мувофиқа карда, пешниҳодҳо таҳия кунанд ва барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба чораҳои зарурӣ андешанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram