Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар оғози иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 14 масъала қабул намуданд.
Нахуст зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон ва оид ба иқтисодиёту коммуникатсия маърӯза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.
Тибқи рӯзнома аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро баррасӣ ва онҳоро ҷонибдорӣ намуданд.
Пас аз баррасии пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан Ҳакимзода Саломат Абдушукур ва Наимзода Марҳабо Наим аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комилӣ Файзалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуда, Абдуллозода Зебонисо Файзулло муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аминзода Сайдабону Рустам судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Ҳамчунин, дар асоси пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои Маҷлиси миллӣ оид ба ризоият додан барои аз вазифаи муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Талбакзода Дилшод Саид ва Рофизода Мирзоамон Ҳамдам, аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зоирзода Икром Оймаҳмад, ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Каримзода Умед Раҳматшо, ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Азимзода Сарвар Бозор ва ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло, қабул карда шуданд.
Дар идомаи иҷлосия Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ҳисобот дод.
Зимни баррасии масъалаи мазкур Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба пурзӯр кардани назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, қочоқи маводи нашъовар ва вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор дастуру супоришҳо доданд.
Ба аъзои Маҷлиси миллӣ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки бинобар номусоид омадани обу ҳаво вусъати корҳои кишоварзиро ҷиҳати заминагузорӣ ба ҳосили фаровон таъмин карда, барои дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани Рӯзи Модар ва Иди байналмилалии Наврӯз тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Бо ҳамин, иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.