РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Термези Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Имрӯз миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Термези Ҷумҳурии Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст. Дар ин бора аз ДДОТ хабар доданд.

Ин санади ҳамкорӣ аз тарафи Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Ҳасанов Азизбек Бахтиярович, ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Термез ба таври маҷозӣ ба имзо расонида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Ёддошти мазкур акнун имкон медиҳад, ки ҳамкориҳоро дар заминаи табодули академӣ, курсҳои такмили ихтисос, ташкили барномаҳои таҳсилотии муштарак, даъвати профессорон ба муассиса, баргузор намудани форуму конференсияҳо, инчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ ва амсоли инҳо ба роҳ монда шавад.

Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ феълан ҳамкориҳои судмандро бо 111 муассисаҳои олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ дар самти илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангӣ ба роҳ монда, тасмим дорад, ки дар оянда ҳамкориро бо муассисаҳои бунуфузи дунё тавсеа бахшад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram