РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон. Бахшида ба Рӯзи Наврӯз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ва иди байналмилалии Наврӯз 16- уми марти соли равон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар майдони Исмоли Сомонии шаҳри Хоруғ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид, ки дар он маводи ғизоӣ аз ҷумла, орд (240 сомонӣ) равған (65 сомонӣ), биринҷ (11 сомонӣ), пиёз (3 сомонӣ ) картошка (4 сомонӣ), сабзӣ (2,50 сомонӣ), гўшти гову гӯсфанд (45 сомонӣ ), мева (6 то 7 сомонӣ) ва дигар маҳсулоти зарурии рӯзгор пешниҳод гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз ҷараёни баргузории ярмаркаи мазкур дидан карда, ба масъулин ҷиҳати таъмини маводи ғизоӣ дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки дар моҳи шарифи Рамазон яке аз амалҳои хайру савоб ин фурӯши маҳсулоти ниёзи аввали мардум бо нархи арзон ба сокинон мебошад.

Сокинони шаҳри Хоруғ аз ин иқдоми навбатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз сипосгузорӣ намуда, маводҳои заруриро бо нархи хеле арзон нисбат ба бозор дастрас намуданд.

Чунин ярмаркаҳо минбаъд низ дар вилоят баргузор хоҳанд шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram