Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бо ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Ашқобод вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат 9 марти соли 2024 дода шуданд, шарҳу тавзеҳ дод.
Дар ин робита ба риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бахусус муҳимияти таълиму тарбияи шоистаи фарзандон, ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҳамчунин зарурати эҳтироми қонунҳо, таъмини волоияти онҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ таъкид шуд.