РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Швейтсария муррифӣ шуданд

15 марти соли 2024 дар шаҳри Туни Конфедератсияи Швейтсария сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар маросими ифтитоҳии Намоишгоҳи либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Зимни суханронӣ, сафир оид ба дастовардҳои миллӣ, фарҳанг ва тамаддуни куҳани мардуми тоҷик, аз ҷумла ворид гардидани мавзеи таърихии “Саразм” ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ва “Анъанаи Бофтани Атласу Адрас”, “Санъати Чакандӯзӣ”, “Ҷашни Наврӯз”, “Мусиқии Фалак” ва “Шашмақом” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО, инчунин оид ба имкониятҳои сайёҳии кишвар маълумотро манзури иштирокчиён намуд.

Намоишгоҳи мазкур аз 15 март то 1 апрел идома меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram