РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТАЪМИНИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ЭЪТИҚОДИИ ИНСОН ДАР МЕҲВАРИ ҚОНУНГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН

(Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин)

Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон бо саъю кӯшиши бунёди ҷомеаи одилона ва мутаносиб, ки дар он ҳар фард имкони пурра амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои худро дорад, хос аст. Воқеан ҳам, Ҳукумати кишвар ба ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, мубориза бо табъиз, зӯроварӣ ва дигар шаклҳои поймолкунии ҳуқуқи инсон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Яъне, дар доираи сиёсати ҳукумати кишвари мо ба рушди низоми ҳуқуқӣ, таъмини дастрасии ёрии ҳуқуқӣ ва адолат, инчунин мусоидат ба таҳкими институтҳои демократӣ ва волоияти қонун таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо шарикон ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, табодули таҷриба ва татбиқи таҷрибаи пешқадам барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда нигаронида шудааст. Инчунин, сиёсати давлатии кишвар барои таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар, ки дар он ҳар як шаҳрванд имкониятҳои баробар дошта, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳифз карда мешаванд, равона гардидааст.

9-уми март дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуда, таъкид карданд, ки “ҳикмати парҳезгориву рӯзадорӣ танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқоди муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад.

Тибқи оятҳои Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ ҳар як амали нек ва кори хайру савоб дар ин моҳи мубораку шариф нисбат ба моҳҳои дигар бамаротиб беҳтару бузургтар мебошад ва савоби бештар дорад.

Аз ин рӯ, моҳи Рамазон фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон мебошад”.

Масоили дин ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои эътиқодии инсон дар меҳвари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Тоҷикистон бо назардошти моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ эътироф шуда, заминаҳои ҳуқуқии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ва танзими эътиқодоти динии шаҳрвандонро, қабл аз ҳама, дар Конститутсияи хеш ва баъдан дар асоси он дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (аз соли 2009) матраҳ намудааст. Агар дар маҷмӯъ гирем, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 маврид ба масъалаи озодии виҷдон ва эътиқодоти динӣ сухан меравад, ки онҳо дар ҳамбастагӣ сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар соҳаи дин ташаккул медиҳанд.

Натиҷаи ҳамин сиёсати давлатӣ буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин ёдоварӣ намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмин намудани озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин хеле корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Дар соли 2009 бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид.

Ҳамчунин, бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардонидани он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд.

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Абӯҳасан ибни Абӯбакр, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима»-и ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд.

Таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумат, Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бақайдгирии 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, яъне масҷидҳо ва ташкили сафари дастҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра аз ҷумлаи иқдомоти дар ин самт амалигардида мебошанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 – 3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5 – 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон бо ин, дар кишвар як ҷамоатхонаи исмоилӣ, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои исмоилӣ ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолияти озодона дорад.

Соли 2010 аз ҷониби Ташкилоти ҷаҳони ислом оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардидани шаҳри Душанбе далели возеҳи он мебошад, ки тоҷикон дар ҷодаи ҳифзи мероси динӣ, ғанӣ гардонидани он ва умуман фарҳангу маорифи исломӣ дар сатҳи ҷаҳони ислом саҳми арзишманд гузоштаанд.

Ин далел, ҳамчунин, гувоҳӣ медиҳад, ки барои шаҳрвандони мамлакат ҷиҳати амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар замони соҳибистиқлолӣ низ имкониятҳои зиёд муҳайё гардида, таъмини озодии виҷдон дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Ҳамчунин, Пешвои миллат таъкид карданд, ки мо тасмим гирифтаем, ки ин гуна иқдомот, аз ҷумла нашри тоҷикии матни Қуръони каримро минбаъд низ идома диҳем, то ин китоби муқаддас барои пок нигоҳ доштани асолати динии мардумамон дар ҳар хонадони кишвар мавҷуд бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 1-уми Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаву иҷтимоӣ эълон гардида, озодии виҷдон ва эътиқод дар қатори дигар ҳуқуқу озодиҳои асосӣ бо кафолатҳои конститутсионӣ таъмин шудааст.

Вале, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки аз ҷониби субъектҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, аз ҷумла вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти кор бо дин, ҷавонон, занон ва оила, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидораи шаҳрак ва деҳот, инчунин, аҳли ҷомеа татбиқи санадҳои зикршуда дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқ ба вазъи воқеӣ ба роҳ монда нашуда, чунин ба назар мерасад, ки онҳо даҳшату фоҷиаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро фаромӯш кардаанд.

Ҳарчанд ки дар кишвар бо қарорҳои Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ шудааст, вале ҳолатҳои шомил шудан ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҳанӯз ба назар мерасанд.

Дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва сӯиқасд пешгирӣ гардидааст.

Дар ин давра бар асари ташвиқоти густурдаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, сафарбар гардидани онҳо ба минтақаҳои даргир афзуда, нигарониҳои ҷиддии ҷомеаро ба миён овард.

Тибқи маълумоти фаврӣ зиёда аз ҳазор нафар шахсоне, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, кушта шуда, ҳазорон нафари дигар беному нишон гардидаанд.

Илова бар ин, Пешвои миллат қайд карданд, ки  бо иқдоми башардӯстонаи роҳбарияти мамлакат ба қонунгузории ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, муқаррар гардид, ки дар сурати ихтиёран даст кашидани шаҳрвандон аз иштирок дар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, инчунин, қатъ кардани иштироки минбаъда дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд. Бо истифода аз ин имконият дар даҳ соли охир 1640 нафар ба Ватан баргаштанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо қатъ карда шуданд.

Дар суханронии Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2016 то имрӯз барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 19 ҳазору 480 нафар, аз ҷумла 1170 нафар омӯзгорон ва 18 ҳазору 310 нафар падару модарон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Сарвари давлат ин ҳолатро ташвишовар дониста, пешниҳод карданд, ки бо дарназардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда Пешвои миллат ба тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, кумитаҳои кор бо ҷавонон, дин, иттиҳодияҳои динӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ зарур донистанд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар тарзу усулҳои муассири пешгирӣ кардани ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва вайронкунии маҳдудиятҳои бо қонун муқарраршударо роҳандозӣ карда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои муассир андешанд.

Аз мулоқот ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин ба ҳамин хулоса бояд омад, ки моро зарур аст, ба хотири сулҳу субот ва оромии ҷомеа паҳлуҳои гуногуни суннатҳои волои фарҳанги миллӣ ва динию эътиқодиамонро мутобиқ ба талаботи замони муосир эҳё карда, кишвари азизамонро ба таври писандида ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Абдурозиқ АБУНАСРЗОДА,

рӯзноманигор

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram